Ба гузориши агентии хабарии Абна, манбаъҳои дипломатӣ ба Ал-Маядин гуфтанд, ки Эрон дар посухи фиристодааш ба Амрико тавассути миёнҷи покистонӣ, бар зарурати бардоштани таҳримҳо, озод кардани дороиҳои басташуда ва боздошти фаврии ҷанг таъкид кардааст.
Бар асоси ин гузориш, посухи Эрон, ки тавассути миёнҷи покистонӣ интиқол дода шудааст, маҷмӯъае аз талабҳои сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодиро дар бар мегирад. Ин манбаъҳо гуфтанд, ки Теҳрон дар ин посух, ба анҷом расидани муҳосира, озодии содироти нафт, бардоштани таҳримҳои Амрико ва озод кардани молу дороиҳои басташудаи Эронро талаб кардааст.
Манбаъҳои ёдрашуда ҳамчунин афзуданд, ки Эрон ба таври возеҳ хостори лағви маҳдудиятҳои OFAC дар заминаи фурӯши нафти худ шуда ва ин мавзӯъро аз меҳварҳои асосии ҳар гуна тафоҳуми эҳтимолӣ донистааст.
Your Comment